Пирӯзии Словения бар Латвия (Видео)

Пирӯзии Словения бар Латвия (Видео)

Дар бозии даври ¼ ниҳоии мусобиқоти Евробаскет-2017 мунтахабҳои Словения ва Латвия бо ҳам мубориза бурданд. Ин дидор бо натиҷаи 103:97 бо пирӯзии тими миллии Словения ба поён расид. 27 имтиёзи ба хазинаи мунтахабаш афзудаи Лука Дончич дар пирӯзии тими миллии Словения нақши бориз дошт. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди ба даст овардани 34 имтиёзи Кристапс Порзингиси 22 сола мунтахаби Латвия мувоҷеҳи шикаст шуд. Чоряки аввал бо ҳисоби 34:23 хотима ёфт. Дар чоряки дуюм бошад, баскетболбозони латвиягӣ каме фаъол гардиданд. Ин буд, ки натиҷаи чоряки дуюм 17:32 шуд. Шумораи имтиёзҳо дар ду чоряки охир 25:11 ва 27:31 буд. Мунтахаби Испания бо тими миллии Словения дар марҳилаи ниманиҳоии мусобиқаи Евробаскет 14-уми сентябр андари майдони рақобат хоҳад шуд.

Евробаскет-2017. Даври ¼ ниҳоӣ.

Словения – Латвия – 103:97 (34:23, 17:32, 25:11, 27:31)