Пирӯзиву нокомии ҷудочиёни тоҷик бо сарварии Хоҷазодаи қаҳрамон

Пирӯзиву нокомии ҷудочиёни тоҷик бо сарварии Хоҷазодаи қаҳрамон

Имрӯз, 24-юми феврал чор ҷудочии тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо  Grand Slam Duesseldorf - 2018, дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо Дюсселдорф -2018 дар вазни то 73 кило дар аввалин қувваозмоияш Шамил Дзавбатировро аз Олмон мағлуб кард. Баъдан бар Марсел Серкеа аз Руминия ғолиб шуд. Вале дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Рустам Оруҷов аз Озарбойҷон бохт ва аз идомаи мубориза барои нишон маҳрум гашт. Дар ин вазн, инчунин, гӯштигири дигари тоҷик Асадулло Тоҳиров дар нахустин даври мусобиқот аз қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (2016), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (2013 ва 2015) Шоҳей Оно (Ҷопон) шикаст хӯрд. Варзишгари ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов аввалин қувваозмоияшро дар вазни то 81 кило ба Алфа Умар Ҷало (Фаронса) бохт. Намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин вазн - Кароматулло Ҳакимов - дар даври аввал бар Калонҷӣ Мбуйӣ (Конго) пирӯзӣ ба даст овард, вале баъдан аз Аслан Лаппинагови русиягӣ мағлуб шуд.