Рӯйхати мусобиқаи Олимпиада-2020 дар Токио муайян шуд

Рӯйхати мусобиқаи Олимпиада-2020 дар Токио муайян шуд

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ҷадвали комили мусобиқот ва чорабиниҳоро пешкаш намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи тадорукоти Бозиҳо хабар додааст. Барномаи Бозиҳо 33 намуди варзишро дарбар мегирад. Аввалин бор бейсбол/софтбол, карате, серфинг, шӯхпаймоӣ ва скейтбординг пешкаш мешаванд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳо 24-уми июл доир мегардад. Ду рӯз пеш аз ин мусобиқот оид ба футболи занона ва софтбол оғоз меёбад. Аввалин қаҳрамони Олимпиада-2020 рӯзи 25-уми июл дар мусобиқот оид ба тирандозӣ аз туфанги пневматикӣ ба масофаи 10 метр миёни занон маълум хоҳад шуд.