Рӯзҳои сиёҳи "МЮ" идома доранд...

Рӯзҳои сиёҳи "МЮ" идома доранд...

Дар доираи даври 6-уми Премйер-лигаи Англия "Манчестер Юнайтед" дар сафар бо "Вест Ҳэм" бозӣ кард. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи Олимпии шаҳри Лондон сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хатм гардид. Голи аввалини дидорро Андрей Ярмоленко дар дақиқаи 44-ум ба самар расонид. Арон Крессуэлл бошад дар дақиқаи 84 ҳисобро 2:0 намуд. Пас аз ин пирӯзӣ "Вест Ҳэм" бо 11 хол ба зинаи чоруми ҷадвали мусобиқот баромад. Дастпарварони Оле-Гуннар Сулшер бо 8 имтиёз дар мақоми ҳафтум қарор гирифтаанд. Ёдовар мешавем, ки "Манчестер Юнайтед" тӯли 200 рӯз аст, ки дар бозиҳои свфарӣ пирӯз намешавад. Бори охир "МЮ" моҳи март "ПСЖ"-ро дар доираи бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо мағлуб карда буд.