Рақами Коутиню дар “Барселона” муайян шуд

Рақами Коутиню дар “Барселона” муайян шуд

Сар аз оғози мавсими 2018/19 ниммуҳофизатгари бразилии “Барселона” Филиппе Коутиню бо шумораи “7” ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора сомонаи “нилунориҳо” иттилоъ медиҳад. Бояд гуфт, ки Коутиню аз моҳи январи соли 2018 то ин ҷониб бо шумораи “14” бозӣ мекард.  Ёдовар мешавем, ки охирон бор бо рақами “7” дар “Барселона” Арда Туран майдондорӣ мекард.