Рақиби Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Слам маълум шуд

Рақиби Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Слам  маълум шуд

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар даврҳои муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии ҷудо Гран Слам, ки 23-юми феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон шуруъ шуд, маълум гардиданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дохиланд. Бар асоси қуръакашӣ Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, ки ҳамагӣ 44 нафар иштирок мекунад, дар даври аввал бо барандаи медали биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон дар Берлин (2016) Шамил Дзавбатиров аз Олмон қувваозмоӣ менамояд. Комроншоҳи Устопириён тибқи қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило (ҳамагӣ 46 нафар) дар даври аввал озод аст. Дар даври дуввум ӯ бо ғолиби ҷуфти Ҷозе Пералта (Аргентина) – Юрий Мокану (Молдова) рақобат хоҳад кард.