Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалаш комёб шуд

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалаш комёб шуд

Тими миллии футболи Сурия дар бозии аввали худ дар мусобиқаи “Hero Intercontinental Cup -2019” ғалаба ба даст овард. Шогирдони Фаҷр Иброҳим ба дарвозаи дастаи миллии Кореяи Шимолӣ 5-тӯб зада, ду гол сар доданд. Дар ин вохӯрӣ Шоди Ҳамвӣ, Муҳаммад Маъмур муаллифи ду голӣ шуда, капитани дастаи мунтахаби Сурия Фироқ Ал Хатиб як тӯб ба самар расонид. Футболбозони Сурия дар бозии дуюми хеш бо дастаи миллии Тоҷикистон, ки ду рӯз пеш бо ҳисоби 4-2 бар Ҳиндустон дастболо шуда буданд, рақобат мекунанд. Ин бозӣ 10-уми июл соати 19-30 бо вақти Тоҷикистон баргузор мешавад.