Рақиби Надал дар даври аввали мусобиқаи “Мастерс” дар Рим маълум шуд

Рақиби Надал дар даври аввали мусобиқаи  “Мастерс”  дар Рим маълум шуд

Собиқ ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози испанӣ - Рафаэл Надал рақибашро дар даври аввали мусобиқаи “Masters” шинохт. Надал дар даври аввал бо ракеткаи 108-уми ҷаҳон аз Белгия - Зизу Бергс, ки дар бозии интихобии мусобиқот дар Рим бар Сзюнчэн Шан аз Чин бо ҳисоби 6:4, 7:6 пирӯз шуда буд, вомехӯрад.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи “Мастерс” аз 8-ум то 19-уми май дар Рими Италия баргузор мешавад. Дар мавсими имсола   Надал аллакай дар мусобиқаҳои Барселона ва Мадрид иштирок кардааст. Дар «Мастерс»-и Мадрид ба ӯ муяссар шуд, ки ба даври чорум роҳ ёбад ва онҷо аз Иржи Лехечкаи чех мағлуб гашт.

Дар маҷмуъ, Надал дар тӯли фаъолияти худ 10 маротиба унвони қаҳрамониро дар Рим ба даст овардааст. Аҳамият диҳед, ки бори охир ӯ соли 2021 муваффақ шуда буд. Соли гузашта унвони қаҳрамониро теннисбози рус Даниил Медведев ба даст овард.