Раҳматуллобек Фарҳодов - қаҳрамони Осиё шуд

Раҳматуллобек Фарҳодов - қаҳрамони Осиё шуд

Дар рӯзи дуюми чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон варзишгарони мо соҳиби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд. 

Медали тиллоро Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни -81 ба даст овард. Раҳматуллобек, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Амит Найни ҳиндустониро шикаст дод. Ӯ дар сабқати нимфиналӣ бар Ҳиромаса Касаҳараи ҷопонӣ ва дар финал бар Ҷавод Муродии эронӣ ғолиб шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни -100 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ нахуст Тсетсетсенгел Одхууи муғулистонӣ ва дар даври нимниҳоӣ Алӣ Парҳезгори эрониро мағлуб кард, аммо дар финал аз Хангал Одбаатари муғулистонӣ шикаст хурд. 

Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни -90 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар марҳилаи муқаддамотӣ аз Кошӣ Нагай (Ҷопон) шикаст хӯрда, сипас, рақобатро барои медали биринҷӣ идома дод. То ба ҷои сеюм расидан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар Каллапа Лоҳар (Ҳиндустон) ва Лӣ Тай (Ветнам) ғалаба кард.

Дар вазни +100 кило ду варзишгари мо – Муҳаммадбек Фарҳодов ва Хуршед Маҷидов вориди рақобат шуданд. Муҳаммадбек ҷои панҷум ва Хуршед ҷои ҳафтумро ишғол карданд. 

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат ду паҳлавони ҷумҳурии мо – Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни -66 кило ва Эраҷ Абдуллоев дар вазни -73 кило сазовори медали биринҷӣ гаштанд. Муҳаммадраҳим дар марҳилаи муқаддамотӣ дар даври аввал бар варзишгари Ветнам Ҳай Нгуйен ғолиб омада, дар даври дуюм аз Кений Ҳарадаи ҷопонӣ мағлуб гашт. Ӯ дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Ҷаъфар Фирӯзободӣ (Эрон) ва Сунггат Жубаткан (Қазоқистон)-ро шикаст дод. Эраҷ дар марҳилаи муқаддамотӣ бар Ҷесик Ан (Кореяи Ҷанубӣ) ва Шо Катсуба (Ҷопон) пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт, аммо дар нифинал аз Мирзо Собиров (Узбекистон) шикаст хурд. Эраҷ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ишен Аманов аз  кишвари Қирғизистонро мағлуб кард.

Инчунин, натиҷаи беҳтарро варзишгарони мо миёни бонувон нишон доданд. Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева дар вазни -57 кило сазовори ҷои 7-ум шуданд.

4 варзишгари дигари тоҷик – Сомон Аламов (-55 кило), Олим Назриев (-60 кило) миёни мардон, Шукрона Қарчиева (-48 кило) ва Ойишабону Қурбоналиева (-52 кило) миёни бонувон дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гаштанд.

Дар ин чемпионат 178 варзишгар (107 мард, 71 зан) аз 17 давлати қора иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо 5 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Қазоқистон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҳисоби умумӣ дар мақоми 7-ум ва миёни мардон баъди Узбекистон дар мақоми дуюм қарор гирифт.

http://olympic.tj