“Реал” аз хидмати Роналду бе баҳра монд

“Реал” аз хидмати Роналду бе баҳра монд

Ҳамлавари дастаи “Реал” Криштиану Роналду дастаи худро дар бозии Шоҳҷоми УЕФА бар зидди ғолиби Лигаи Аврупо “Манчестер Юнайтед” ёрӣ дода наметавонад.  Тибқи маълумотҳо Роналду аз сабаби дар Ҷоми конфедератсияҳо-2017 иштирок намудааш аз ин бозӣ озод мебошад. Ҳайати роҳбарияти гаразмониҳо мегуянд, ки Роналду дар бозӣ бар муқобили “МЮ”, ки санаи 8-уми августи соли ҷорӣ баргузор мешавад омода нест, ки ба майдон барояд. Ёдовар мешавем, ки Роналду дар ҳайати бошгоҳи шоҳона дар бозии Суперҷоми Испания бар зидди “Барселона” бармегардад. Бояд қайд кард, ки Суперҷоми Испания санаи 13-уми август баргузор мешавад.