“Реал" ба собиқ футболбози "Барселона" чашм андухтаст

“Реал" ба собиқ футболбози "Барселона" чашм андухтаст

Сомонаи расмии «Daily Mail» хабар медиҳад,ки ҳамлавари бошгоҳи «Арсенал» ва тими мунтахаби Чили  Алексис Санчес дар мавсими хариду фуруши зимистонаи соли ҷорӣ дастаро тарк хоҳад кард. Бошгоҳи  шоҳонаи «Реал Мадрид» хостори харидории ин бозингар шудааст ва қасд дорад бо нархи гарони 70 миллион евро харидорӣ намояд. Бояд ёдовар шуд,ки ба ғайр аз дастаи «Реал Мадрид»  сармураббии бошгоҳи «Манчестер Сити»  Гвардиола мехоҳад Санчесро дар тими худ бубинад. Хоиррасон мекунем, ки Санчес аз соли 2011 то соли 2014 дар бошгоҳи  “Барселона” ҳунарнамоӣ кардааст.