“Реал” бо “Тоттенхэм” имтиёзҳоро тақсим карданд (Видео)

“Реал” бо “Тоттенхэм” имтиёзҳоро тақсим карданд (Видео)

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал”-и Мадрид дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо тими “Тоттенхэм”-и Англияро пешвоз гирифт. Вохӯрӣ байни бошгоҳҳо дар варзишгоҳи номдори “Сантяго Бернабеу” сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар миёнаи қисми аввали рақобат автоголи ҳимоятгари мизбонон Рафаэл Варан англисиҳоро ба пеш баровард. Дар дақиқаҳои охири қисми якуми дидор сафдари сафшикани мадридиҳо Криштиану Роналду аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ҳисоби дидорро мусовӣ 1:1 намуд. Бо ҳамин мухлисони ба майдон ташриф оварда, дигар шоҳиди гол нашуданд. Рақобати дигари гурӯҳи “Н” байни тимҳои “АПОЕЛ”-и Кипр ва “Боруссия”-и Дортмунди Олмон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар ҳоли ҳозир бошгоҳҳои “Тоттенхэм” ва “Реал” бо дарёфти 7 имтиёзӣ пешсафони ҷадвал мебошанд. Дастаҳои “АПОЕЛ” ва “Боруссия”-и Д бо доштани 1 холӣ мутаносибан дар зинаҳои 3-юм ва 4-ум ҷой доранд.

Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи “H”. Даври 3-юм

«Реал» Мадрид (Испания) – «Тоттенхэм Хотспур» (Англия) – 1:1 (1:1)

Голҳо: Роналду, 43 (аз пеналтӣ) – Варан, 28. 

АПОЕЛ (Кипр) – «Боруссия» Дортмунд (Олмон) – 1:1 (0:0)

Голҳо: Поте, 62 – Папастатопулос, 67