“Реал” дифои қаҳрамониро бо “Депортиво” оғоз мекунад

“Реал” дифои қаҳрамониро бо “Депортиво” оғоз мекунад

Ҷадвали бозиҳои Чемпионати Испания дар мавсими 2017/18 муайян шуданд. Қаҳрамони феълии Испания бошгоҳи “Реал” дифои қаҳрамониро бо тими “Депортиво” оғоз мекунад. Ҷоизадори нишони нуқра дар мавсими гузашта, дастаи “Барселона” дар майдонаш тими “Реал Бетис”-ро қабул менамояд. Дастаи “Атлетико Мадрид” бошад, вохӯриро бо “Жирона” оғоз мекунад.

Ҷадвали даври якуми Ла Лига:

«Севиля» — «Эспанйол» 
«Малага» — «Эйбар» 
«Селта» — «Реал Сосйедад» 
«Валенсия» — «Лас-Палмас» 
«Барселона» — «Бетис» 
«Депортиво» — «Реал» 
«Леганес» — «Алавес» 
«Вилярреал» — «Леванте» 
«Атлетико» — «Жирона» 
«Атлетик» — «Хетафе».

Бозиҳои даври 1-ум санаи 19—ум ва 20-уми август баргузор мешаванд.