Рэшфорд “МЮ”-ро ба ниманиҳоӣ бурд

Рэшфорд “МЮ”-ро ба ниманиҳоӣ бурд

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» дар бозии ҷавобии даври ¼ ниҳоии Лигаи Аврупо дар варзишгоҳи “Олд Таффорд” дастаи “Андерлехт”-и Белгияро пазируфт. Ин бози хеле ҷолибу тамошобоб сурат гирифта бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳои ғолибонро Мхитариян дар дақиқаи 10-уми бозӣ голи дуюм ва ғалабаоварро дар дақиқаҳои изофӣ ҳамлагари ҷавон ва умедбахши даста Маркус Рэшфорд ба самар расонида тими хешро ба даври нимниҳоӣ баровард. Ягона голи меҳмононро Ханни ба самар расонид. Бозии аввал байни дастаҳо бо ҳисоби мусовӣ 1:1 хотима ёфта буд. Рақиби “Манчестер Юнайтед” имрӯз баъд аз қуръакашӣ муайян хоҳад шуд.

Лигаи Аврупо. Даври ¼ ниҳоӣ. Бозиҳои ҷавобӣ 

"Манчестер Юнайтед" (Англия) - "Андерлехт" (Белгия) - 2:1. (1:1, 0:0, 1:0)

Голҳо: Мхитарян, 10 (1:0). Ханни, 32 (1:1). Рэшфорд, 107 (2:1). "Манчестер Юнайтед": Ромеро, Валенсия, Байи, Рохо (Блинд, 23), Шоу, Лингард (Феллаини, 60), Кэррик, Мхитарян, Погба, Рэшфорд, Ибрагимович (Марсиял, 91).

"Андерлехт": Рубен Мартинес, Аппиа, Мбоҷ, Спаич, Обрадович, Кипчу (Бруно, 64), Дендокер, Тилеманс, Ханни (Станчу, 64), Ачеампонг, Теодорчик (Телин, 79).


"Бешикташ" - "Лион" - 2:1. (1:1, 1:0, 0:0). Пеналтӣ - 6:7

Голҳо: Талиска, 27 (1:0). Ляказетт, 34 (1:1). Талиска, 58 (2:1).

"Шалке" (Олмон) - "Аякс" (Ҳолланд) - 3:2 д.в. (0:0, 2:0, 1:2)

Голҳо: Горетска, 53 (1:0). Бургшталлер, 56 (2:0). Калиҷури, 101 (3:0). Фиргефер, 111 (3:1). Юнес, 120 (3:2).

"Генк" (Белгия) – "Селта" (Испания) – 1:1 (0:0)

Голҳо: Систо, 63 (0:1). Троссар, 67 (1:1).