Роҳбарияти “Аякс” дар талоши баргардонидани Эрик тен Ҳаг ба Амстердам

Роҳбарияти “Аякс” дар талоши баргардонидани Эрик тен Ҳаг ба Амстердам

Роҳбарияти дастаи «Аякс»-и Амстердам орзу доранд, ки тобистони соли оянда сармураббии «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Ҳагро ба вазифаи сармураббии бошгоҳ таъйин кунанд. Дар ин бора хабарнигори De Telegraaf Майк Вервей дар мусоҳиба бо Soccer News хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, “Аякс” низ дар сурати рад кардани тен Ҳаг се варианти дигарро баррасӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Эрик тен Ҳаг аз соли 2022 инҷониб “Манчестер Юнайтед”-ро сарварӣ мекунад. Шартномаи Эрик тен Ҳаг бо дастаи шаҳри Манчестер то тобистони соли 2025 амал мекунад.

Ҳоло «Манчестер Юнайтед» бо касби 50 имтиёз аз 32 бозӣ дар ҷои ҳафтум дар ҷадвали Премйер-Лига қарор дорад.