Роналду ба муқобили “Депортиво” ба майдон намебарояд

Роналду ба муқобили “Депортиво” ба майдон намебарояд

Сармураббии дастаи “Реал”-и Мадрид Зинидин Зидан ҳайати бозингаронеро, ки дар вохӯрӣ бар муқобили “Депортиво” мераванд эълон намуд. Дидори мазкур имрӯз 26-уми апрел доир мегардад. Хадамоти матбуотии тими шоҳона хабар медиҳад, ки ба Ла-Коруня нимҳимоятгар Тони Кроос ва ҳамлагар Криштиану Роналду нарафтанд. Сабаби иштирок накардани онҳо дар ин вохӯрӣ маълум нест. Дар бозии даври 33-юми Ла Лигаи Испания бар муқобили “Барселона” (2:3) ҳар ду бозингарон 90 дақиқа дар майдон буданд.

Ҳаяти «Реал» чунин аст:

Дарвозабонҳо: Кико Касиля, Кейлор Навас, Рубен Янес.

Ҳимоятгарон: Рафаэл Варан, Даниэл Карвахал, Начо, Марсело, Данило, Алваро Техеро.

Нимҳимоятгарон: Хамес Родригес, Касемиро, Матео Ковачич, Лука Модрич, Марко Асенсио, Иско.

Ҳамлагарон: Карим Бензема, Лукас Васкес, Алваро Мората, Мариано.

“Депротиво” – “Реал Мадрид” (Ла Коруня) варзишгоҳи Риасор оғоз: 00:30 (тҷк). Пахши мустақим ТВ “Варзиш”