Роналду беҳтарин футболбози сол дар Португалия эълон гардид

Роналду беҳтарин футболбози сол дар Португалия эълон гардид

Дар Португалия барандаи ҷоизаи беҳтарин футболбоз дар соли 2016 муайян карда шуд. Беҳтарин футболбоз ҳамлагари дастаи “Реал”-и Мадрид Криштиану Роналду дониста шуд , ки дар мавсими 2015/2016 дар ҳайати дастаи “Реал” қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо ва баъдан дар ҳайати тими мунтахаби Португаля чемпиони Аврупо гардида буд. Беҳтарин футболбозӣ ҷавон Ренату Саншеш дониста шуд , ки ин мавсим аз дастаи “Бенфика”-и Португалия ба тими “Бавария”-и Олмон гузариш кард. Ва дар бозиҳои байналмилали тими мунтахаби худро барои ба даст овардани ҷоиза кумак карда буд. Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ дар соли 2016-ро Фернанду Сантуш соҳиб гардид. Мураббие, ки дар чемпионати Аврупо тими мунтахаби Португалияро роҳбари мекард.