Роналду бозигари беҳтарини соли 2016

Роналду бозигари беҳтарини соли 2016

Шоми 9-уми январ дар шаҳри Сюрихи Шветсария маросими ҷоизасупории ФИФА, таҳти унвони "The Best" баргузор гардид, ки дар он ситораҳои футбол ширкат варзиданд. Бояд қайд кард, ки дар ин маросим яке аз муддаиёни ҷоизаи беҳтарин бозигари сол Лионел Месси ба далели омодигӣ дар бозии ҷавобии Ҷоми Испания бо дастаи “Атлетик Билбао” бо ҳамроҳи ҳамдастагони хеш Луис Суарес, Андреа Иниеста, ва Жерар Пике иштирок карда натавонистанд. Чун ҳамешагӣ ФИФА ба футболбозон ва сармураббиён ҷоизаҳои арзандаро супорид.

Ҷоизаи "FIFA FIFPro 11 Award" - ро 11 нафар бозингарон, ки як ҳайати рамзиро ташкил медиҳанд, соҳиб шуданд, ки инҳо Мануэл Нойер - дарвозабон, Серхио Рамос, Жерар Пике, Марсело, Дани Алвес - дифогарон, Андрес Иниеста, Тони Кроос, Лука Модрич - нимҳимоятгарон, ва ҳамлагарон Луис Суарес, Криштиану Роналду ва Лионел Месси буданд.

Ҷоизаи "FIFA Best Fans" ба беҳтарин мухлисон супорида шуд, ки он ба мухлисони “Боруссия Дортмунд” ва “Ливерпул” барои иҷрои суруди "You'll never walk alone" соҳиб шуданд. Инчунин дар қатори номзадҳо барои ин ҷоиза мухлисони мунтахаби Исландия ва тими ҳоландии "Ден Хааг" буданд.

Ҷоизаи "FIFA Women's Coach 2016" ба беҳтарин сармураббии тими занона супорида шуд, ки онро сармурабии олмонӣ Силвия Найд соҳиб шуд.

Ҷоизаи "FIFA Fair Play Award" барои бозии одилона ба “Атлетик Насионал”-и Колумбия супорида шуд. Ин даста ҷоми қаҳрамонии Амрикоро оид ба футбол ба дастаи “Шапакоэнсе”, ки бозингаронаш дар сукути хавопаймо ҳалок гаштанд, супорид.

Ҷоизаи "FIFA Men's Coach 2016", ки ба сармурабии беҳтарин пешбинӣ шуда буд, ба сармурабии бошгоҳи “Лестер Сити” Клаудио Ранери супорида шуд. Зинедин Зидан (“Реал Мадрид”) ва Фернанду Сантуш тими мунтахаби (Португалия) номзадҳои дигар ба ҳисоб мерафтанд.

Ҷоизаи "FIFA Outstanding Career Award" ба футболбози бразилӣ Фалкао барои корномаи намунавӣ супорида шуд.

Ҷоизаи "FIFA Puskas Award 2016" барои голи беҳтарин супорида мешавад, ки ин ҷоизаро футболбози малайзиягӣ Моҳд Фаиз Субри бо голи зебояш соҳиб шуд.

Ҷоизаи "FIFA Women's Player 2016" барои футболбози беҳтарин миёни занон ба футболбози амрикоӣ Карли Ллойд супорида шуд.

Ҷоизаи "FIFA Men's Player 2016" ба футболбози беҳтарини 2016 тақдим карда шуд, ки барандаи он Криштиану Роналду гашт. Роналду 34,4% овоз гирифт. Дар ҷойи дуюм Лионел Месси бо 26,42% овоз қарор гирифт ва ҷойи сеюм бо 7,53% овоз насиби Антуан Гризманн гашт. Дар маросими ҷоизасупорӣ ситорагони футбол аз ҷумлаи Диего Марадона, Габриэл Батистута, Роналдо, Андрей Шевченко, Карлес Пуйол ва дигарон ҳузур доштанд.