Роналду дар ҳисобаш рекорди ҷадид сабт кард

Роналду дар ҳисобаш рекорди ҷадид сабт кард

Ҳамлагари “Реал Мадрид” Криштиану Роналду дар дидор бар муқобили “Боруссия Д” гол ба самар расонида, дар ҳисобаш рекорди ҷадидеро сабт кард. Акнун Роналду аввалин бозигарест, ки дар шаш вохӯрии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ба задани гол даст меёбад. Айни ҳол Криштиану Роналду дар ҳисоби худ нӯҳ гол дошта, беҳтарин нишонзани Лигаи чемпионҳо ба ҳисоб меравад.