“Ростов” рақиби “Манчестер Юнайтед” дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо

“Ростов” рақиби “Манчестер Юнайтед” дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо

Қуръақашии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо дар қароргоҳи созмони UEFA шаҳраки Ниёни Швейтсария баргузор гардид. Дар натиҷаи муайянкунии вохӯриҳои дастаҳои футбол 8 ҷуфт интихоб карда шуд. Ду дастаи Россия тимҳои “Ростов” ва “Краснодар” ҳам дар ин давр роҳхат пайдо карданд. Дастаи “Краснодар” бо тими “Селта”, ки дар зинаи 9-уми мусобиқоти Ла лига ҷойгир аст, андари майдони сабқат хоҳад шуд. Бошгоҳи “Ростов” бошад, бо тими пурқуввати Англия «Манчестер Юнайтед» рақобат хоҳад кард.


АПОЭЛ – «Андерлехт»

«Ростов» — «Манчестер Юнайтед»

«Копенгаген» — «Аякс» 

«Селта» — «Краснодар»

«Шалке» — «Боруссия» М 

«Лион» — «Рома» 

«Олимпиакос» — «Бешикташ» 

«Гент» — «Генк»

Бозиҳои аввали марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо рӯзи 9-ум ва дидорҳои ҷавобӣ бошад санаи 16-уми март дар назар аст.