Руни 200-ум голи худро дар ПЛА ба самар расонид

Руни 200-ум голи худро дар ПЛА ба самар расонид

Ҳамлавари тими мунтахаби Англия ва бошгоҳи “Эвертон” Уэйн Руни дар бозии даври 2-юми Премер-Лигаи Англия бар зидди тими “Манчестер Сити” голи 200-уми хешро дар Премер-Лигаи Англия ба самар расонид. Дар айни замон Руни дар беҳтарин нишонзанҳои ПЛА мавқеи 2-юмро касб мекунад. Дар зинаи 1-уми беҳтарин нишонзанҳои мусобиқоти Премер Лига Алан Ширер бо задани 260 тӯб пешсаф аст.