Сафари мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон

Сафари мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон

Тими  миллии футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев имрӯз санаи 12-уми октябр, барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 ба шаҳри Табризи Эрон сафар кард. Тибқи иттилоъи сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” аз 15-ум то 17-уми октябр доир мегардад. Мусобиқа бо бозӣ байни мунтахабҳои футзали Афғонистон ва Эрон рӯзи 15-уми октябр оғоз мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин рақобати хешро бар зидди тими Афғонистон рӯзи 16-уми октябр анҷом медиҳад. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ рӯзи 17-уми октябр бо бозӣ миёни тимҳои Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад. Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 дар Тайван баргузор мешавад, аз гурӯҳи “В” ду дастаи беҳтарин роҳ меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Муродулло Алиқулов («Сино»);

Бозигарон: Мансур Эргашев, Фирӯз Сангов, Сиёвуш Қаюмов (ҳарсе аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Умед Қузиев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Умедҷон Мирзораҳимов, Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Сармураббӣ – Ҳусейн Шодиев.

Ҷоми  Осиё-2018 оид ба футзал. Марҳилаи интихобӣ

Минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

15 октябр (якшанбе)

20:30 – Афғонистон – Эрон

Даври 2-юм

16 октябр (душанбе)

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 3-юм

17 октябр (сешанбе)

20:30 – Эрон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.