Самир Насри тарки “Манчестер Сити” намуд

Самир Насри тарки “Манчестер Сити” намуд

Ниммуҳофизатгари фаронсавӣ Самир Насри аз «Манчестер Сити»-и Англия ба дасти «Анталяспор»-и Туркия гузашт. Дар мавриди тарки Манчестер намудани Насри сомонаи расмии бошгоҳи мазкур иттилоъ додааст. Тавре гуфта мешавад ин ниммуҳофизатгари 30 сола, бо дастаи «Анталяспор» ба муҳлати ду сол қарордод ба имзо расонида, маошаш дар як мавсим чаҳор миллион евроро дар бар мегирад. Самир Насри соли 2011 аз дастаи “Арсенал” ба “Манчестер Сити” гузашта буд. Ин футболбози фаронсавӣ дар ҳайати “шаҳриҳо” 176 вохӯрӣ гузаронида, ду маротиба қаҳрамони Премер – Лигаи Англия ва якборӣ Ҷоми лигаи Англияву Суперҷоми ин кишварро ба даст овардааст. Аз ҳисоби гузариши ин ниммуҳофизатгар ба буҷаи «Манчестер Сити» 15 млн евро ворид гардид. Бо омодани Пеп Гвардиола ба ҳайси сармураббии “Манчестер Сити” ин футболбози фаронсавӣ дар ҳайати асосӣ мавқеъ пайдо накард. Ба ҳамин хотир Насри мавсими гузаштаро дар тими «Севиля»-и Испания ба ҳайси бозингари иҷоравӣ гузаронида, дар 31 вохӯрӣ ба задани се гол мушарраф гардид.