Се голи мунтахаби Россия ба дарвозаи Испания

Се голи мунтахаби Россия ба дарвозаи Испания

Дар варзишгоҳои "Санкт-Петербург" тими миллии футболи Россия бо мунтахаби Испания рақобати дӯстона анҷом дод. Муҳофизатгари тими меҳмонон Жорди Алба дар нафасҳои аввали дидор ҳисобро боз намуд. Баъдан довар ҷониби дарвозаи соҳибони замин зарбаи ҷаримавии 11-метраи баҳсбарангез таъйин намуд, ки онро Серхио Рамос ба гол анҷом дода, афзалияти испаниҳоро дуболо сохт. Дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ мунтахаби Россия бо голи задаи Фёдор Смолов ҳисобро 1:2 намуд. Футболбозони рус дар дақиқаи 51-уми рақобат баъд аз анҷом додани як бозигузории ҷолиб таносубро барқарор карданд. Голро бошад, Алексей Миранчук ба ҳадаф расонид. Бо гузора шудани ду дақиқаи дигар испаниҳо боз ҳам бартариро ба даст гирифтанд, зеро Серхио Рамос зарбаи дуюми 11-метраи дастаашро ба гол табдил дод. Ҳамлагари тими миллии Россия Фёдор Смолов дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ тавонист бо як зарбаи ҳадафманди худ ҳисоби вохӯриро баробар гардонад. Ҳам интавр дидори мазкур, ки марҳилаи омодагиҳои мунтахабҳои андари майдон ба Чемпионати ҷаҳон – 2018 ба шумор мерафт, бо ҳисоби 3:3 хотима ёфта, баробарии қувваҳоро собит сохт. 

Бозии рафиқона: 

Россия – Испания – 3:3 (1:2)

Голҳо: Смолов, 41, 70. Миранчук, 51 – Алба, 9. Рамос, 35 (аз пеналтӣ), 54 (аз пеналтӣ).