Се ситораи “Реал” бар ивази ситораи бошгоҳи Англия

Се ситораи “Реал” бар ивази ситораи бошгоҳи Англия

Сомонаи расмии “Daily Star” иттилоъ медиҳад, ки бошгоҳи шоҳонаи “Реал”-и Мадрид нақша дорад, ки дар мавсими зимистонаи хариду фурӯши футболбозон ҳамлавари ҷавони тими миллии Англия ва бошгоҳи “Тоттенхэм” Ҳарри Кейнро харидорӣ намояд. Тибқи маълумоти сарчашма бошгоҳи англисӣ  барои ситорааш на камтар аз 200 миллион евро мехоҳад.  Мадридиҳо омода ҳастанд, ки Гарет Бэйл, Лука Модрич ва Карим Бенземро бо Кейн иваз намоянд. Дар мавсими ҷории ПЛА Ҳарри Кейн дар шаш бозӣ вориди майдон шуда, ба задани 6 тӯб даст ёфтааст.