Шаш нақшаи Конте дар мавсими оянда

Шаш нақшаи Конте дар мавсими оянда

Коршиноси итолиёвӣ мехоҳад, ки дар мавсими нав “Челси”-ро дар Лигаи Чемпионҳо пурзур намояд. Сармураббии дастаи “Челси” Антонио Конте нақша дорад, ки дар мавсими хариду фурӯши тобистона 200 миллион фунт стерлинг сарф намояд. Конте бо даъват намудани Ван Дейк ва Алваро Мората шаш нақшаи бузург дорад. Конте Моратаро ба мавқеи Коста даъват хоҳад кард. Аммо шояд, Лукаку низ дар мавсими оянда шомили дастаи “Челси” шавад. Барои харидорӣ намудани футболбози белгиягӣ дастаи “Челси” 75 миллион фунт стерлинг сарф хоҳад кард. Яке аз ҳамлагарони дигаре, ки Конте ӯро дар даста дидан мехоҳад, ин собиқ футболбози дастаи “Ювентус” Фернандо Лиоренте мебошад. Футболбоз дар он сурате, ба дастаи “Челси” ташриф меорад, ки Коста дастаро тарк намояд. Ситораи “Наполи” Дрис Мертенс низ дар руйхати нақшаҳои Конте мебошад, аммо дастаи итолиёвӣ намехоҳад, ки Мертенсро аз даст диҳад. Тибқи сарчашмаҳо Диего Коста ва Эден Азар, ин ҳарду ҳамлагар аз роҳбарияти дастаи “Челси” хоҳиши маблағи зиёд доранд.