Шикасти Анжелика Кербер дар даври ниманиҳоии мусобиқаи WTA Dubai

Шикасти Анжелика Кербер дар даври ниманиҳоии мусобиқаи WTA Dubai

Теннисбози машҳури олмонӣ Анжелика Кербер дар даври ниманиҳоии мусобиқаи мазкур бар муқобили намояндаи Украина Елена Свитолина вориди корт шуд. Ракеткаи 13-уми ҷаҳон Елена Свитолина, ки ҳоло 22 сол дорад аз оғози рақобат бар ҳарифи пуртаҷрибаи худ Анжелика Кербер фишор оварда ба ӯ муяссар гардид, то аввалин шуда партофти рақибро ба судаш анҷом диҳад. Ҳамин тариқ Елена Свитолина дар шумораи геймҳо ба пеш баромаду бо ҳисоби 6/3 пайти аввалро ба номаш сабт кард. Дар пайти 2-юми вохӯрӣ барои муайян кардани ғолиб тай-брейк лозим омад. Елена Свитолина ба қувваю маллакаи худ бовар намуда бо ҳисоби 7/6 дастболо шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ҳамакнун дар даври ҳалкунанда барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ Елена Свитолина бо намояндаи Дания Каролина Вознияски майдондори хоҳад кард.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқаи тенниси WTA Дубай варзишгари шинохтаи даниягӣ Каролина Вознияски бо намояндаи Латвия Анастасия Севастова рақобат кард. Аз оғози вохӯрӣ ракеткаи 15-уми сайёра Каролина Вознияски бартарии бозиро ба даст гирифта, рақибашро маҷбур мекард, то бештар ба иштибоҳи ғайриинтизор роҳ диҳад. Ҳамин тавр дар гейми 8-уми рақобат партофти ҳарифро ба даст гирифту пайти аввалро бо ҳисоби 6/3 ба судаш хотима дод. Дар пайти 2-юм бошад, бо ҳисоби 6/4 дастболо шуда, дар ин нерӯсанҷи нуқта гузошту роҳи худро ба даври ниҳоии ин мусобиқаи бонуфӯз ҳамвор кард.

Мусобиқаи WTA Dubai Duty Free Tennis Championships. Дубай

Свитолина (Украина, 7) – Кербер (Олмон, 1) – 6:3, 7:6 (7:3)

Вознятски (Дания, 10) - Севастова (Латвия) - 6:3, 6:4