Шикасти Нисикори дар мусобиқоти Брисбен аз Димитров

Шикасти Нисикори дар мусобиқоти Брисбен аз Димитров

Ракеткаи 17-уми ҷаҳон Григор Димитров, ки дар мусобиқаи кушодаи тенниси АТР Брисбен таҳти рақами 7-ум ҳунарнамоӣ кард, дар даври ниҳоӣ бар муқобили намояндаи Япония Кей Нисикори ба майдон баромад ва дар 3 пайт шаҳри пирӯзӣ чашид. Дидори ҳарифон дар корт муддати 1 соату 48 дақиқа идома кард ва бо ҳисоби 6:2, 2:6, 6:3 ба суди намояндаи Болгария ба поён расид. Варзишгари 25 солаи зодаи шаҳри Хасково дар ҷараёни рақобат 7 партофти софи имтиёзовар анҷом дода, аз 5 имконияти брейк-пойнт дар 3 тояш муваффақ омад. Ӯ ба 2 иштибоҳи дукарата роҳ дода, дар ду маврид дар партофти худ шикаст хурд. Барои варзишгари мазкур ин ҷоиза 5-умин дастовард дар фаъолияти касбӣ ва якумин дар ин мавсим ба шумор меравад.