Шикасти “ССКА” аз “Локомотив” дар дербии Москав

Шикасти “ССКА” аз “Локомотив” дар дербии Москав

Дар бозии даври 2-юми Премер-Лигаи Россия бошгоҳи “ССКА” дар майдони “ВЭБ Арена” тими “Локомотив”-ро пазируфт. Вохӯрӣ байни дастаҳо бо ҳисоби 1:3 ба фоидаи дастаи “Локомотив” анҷом ёфт. Бошгоҳи “Локомотив” дар дақиқаи 23-юми дидор имкон пайдо сохт, то ки ҳисоби дидорро боз намояд. Муаллифи голи мазкур Фарфан шуд. Кӯшишу талошҳои футболбозони “ССКА” самар ёфту дар дақиқаи 42-юми дидор Витиню бо голи зебои задаш ба дарвозаи “Локомотив” ҳисобро мусовӣ намуд. Дар қисми дуюми дидор шогирдони Юрий Сёмин ба задани ду голи дигар даст ёфтанд. Голҳои Ари ва Дмитрий Тарасов дар дақиқаҳои 66-ум ва 74-ум пирӯзии дастаи “Локомотив”-ро таъмин намуданд. Бошгоҳи “Локомотив” ду пирӯзии пай дар пайи худро ба даст оварда, 6 имтиёзро дар ҷадвали мусобиқаи мазкур соҳиб шуданд.

Чемпионати Россия. Даври 2-юм

ССКА - "Локомотив"(Москав) - 1:3 (1:1)

Голҳо: Фарфан, 23 - (0:1). Витиню, 42 (1:1). Ари, 66 (1:2). Тарасов, 74 (1:3). 

ССКА: Акинфеев, В.Березутский, Васин, А.Березутский, Мариу Фернандес, Натхо (Чалов, 53), Вернблум, Головин, Щенников (Миланов, 81), Дзагоев (Оланаре, 68), Витиню. 

"Локомотив": Гилерме, Баринов, Кверквелия, Пейчинович, Фарфан, Денисов, Тарасов, Фернандеш, Ал.Миранчук (Коломейтсев, 90+5), Лисов, Ари (Ант.Миранчук, 85).

"Анжи" (Махачкала) – "Амкар" (Перм) – 1:0 (1:0)

Гол: Бризгалов, 23 (1:0). 

"Анжи": Солосин, Мусалов, Бризгалов, Фибел, Полуяхтов, Данченко (Базелюк, 70), Афонин, Карасев (Гулиев, 55), Яковлев, Маркелов, Мамтов (Катсаев, 71). 

"Амкар": Нигматуллин, Идову, Зайтсев, Сиваков, Занев, Костюков, Гол (Салугин, 64), Шаваев (Комолов, 40), Гиголаев (Конде, 46), Бодул, Гасилин.