Шветсия ё Италия кӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2018 меравад?

Шветсия ё Италия кӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2018 меравад?

Имрӯз 17-уми октябр қуръакашии бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар қитъаи Аврупо доир шуд. Тибқи натиҷаи он чор ҷуфти иштирокчиёни ин марҳила муайян карда шуд:

Ирландияи Шимолӣ — Швейтсария

Хорватия — Юнон

Дания — Ирландия

Шветсия — Италия

Бозиҳои рафт 9-11 ноябр ва бозиҳои баргашт 12-14 ноябр доир мешаванд. То кунун аз 32 иштирокчии марҳилаи ниҳоии Мундиал – 2018  номи 23 мунтахаб маълум аст: Россия, Белгия, Англия, Олмон, Испания, Исландия, Полша, Сербия, Фаронса, Португалия, Бразилия, Уругвай, Аргентина, Колумбия, Ҷопон, Кареяи Ҷанубӣ, Эрон, Арабистони Саудӣ, Коста-Рика, Мексика, Панама, Миср  ва Нигерия.