Силсилаи бебохти "Ливерпул" дар ПЛА идома дорад

Силсилаи бебохти "Ливерпул" дар ПЛА идома дорад

Дар доираи даври 28-уми Премйер - лигаи Англия бошгоҳи "Ливерпул" дар майдони худ "Вест Хэм"-ро қабул кард. Ин дидор дар варзишгоҳи "Энфилд" баргузор гардида бо ҳисоби 4:1 бар фоидаи мизбонон ба поён расид. Ҳамин тавр "Ливерпул" дар майдони худ бошгоҳи "Вест Хэм"-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 торумор кард. Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ "Ливерпул" боре ҳам дар Премйер - лигаи Англия ба бохт дучор нашудааст. Пас аз 28 давр "сурхҳо" бо 57 имтиёз зинаи дуюми Премйер-лигаи Англияро аз худ намудаанд. Аммо мавқеи "Ливерпул" метавонад тағйир ёбад, зеро "Манчестер Юнайтед" бо 56 имтиёз ӯро пайгирӣ карда истодааст ва онҳо як бозӣ камтар аз "Ливерпул" анҷом додаанд. "Вест Хэм" бошад, бо 30 имтиёз дар мавқеи 13-уми ҷадвали мусобиқоти мазкур қарор гирифтааст.

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 28-ум

"Ливерпул" - "Вест Хэм Юнайтед" - 4:1 (1:0)

Голҳо: Эмре Ҷан, 29 (1:0). Салоҳ, 51 (2:0). Роберту Фирминю, 57 (3:0). Антонио, 59 (3:1). Мане, 77 (4:1).