Сиёсати трансферии “Тоттенхэм”

Сиёсати трансферии “Тоттенхэм”

Тибқи маълумоти Daily Mail, дастаи “Тоттенхэм” дар таърихи Премйер-лига аввалин дастае гардид, ки дар равзанаи трансферии тобистона ягон бозигарро харидорӣ накард. Гуфта мешавад, ки даста шартномаи бозигаронеро, ки пештар шомили ҳайат буданд тамдид кард. Сармураббии «Тоттенхэм» Маурисио Почеттино харидорӣ накардани футболбозонро чунин шарҳ дод: «Агар шумо бозигареро, ки ҳайати дастаро қавӣ мекунад харидорӣ карда натавонед, пас бояд боварӣ ба он ҳосил намоед, ки бозигарони худи шумо дастаро тарк насозанд. Фикр дорам дар ҳайат нигоҳ доштани бозигарони беҳтарин кори хуби сомондодаи бошгоҳ мебошад».