Суханони Венгер оиди гузариши Санчес ба “МЮ”

Суханони Венгер оиди гузариши Санчес ба “МЮ”

Сармураббии дастаи «Арсенал» - и Англия Арсен Венгер рафтани нимҳимоятгари даста Алексис Санчесро ба дастаи «Манчестер Юнайтед» бо гузариши ҳамлавари собиқи даста Робин ван Перси муқоиса намуда, чунин изҳор дошт:

«Мо ван Персиро ба даста вақте гирифтем, ки ӯ дар ҳайати ҷавонони дастаи «Фейеноорд» бозӣ мекард. Мо дар футболбози касбӣ шудани ӯ заҳмати зиёд кашидем. Бинобар ин, рафтанаш аз даста бароямон бисёр душвор буд.

Аммо дар мавриди рафтани Санчес аз даста бошад, ин танҳо рафтан нест, балки иваз намудани ӯ бо бозингари дигари дастаи «Манчестер Юнайтед» Генрих Мхитарян аст ва ин гузариши трансферӣ бароямон он қадар гарон нест. Бале, мо як бозингари хуберо аз даст медиҳем, аммо бозингареро ба даста мегирем, ки бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Санчесро  иваз менамояд.»

Дар таҳияи Раҳимов Орзу