Суръати кайҳонии “қатора”-и “Барселона”

Суръати кайҳонии “қатора”-и “Барселона”

Бошгоҳи муқтадири “Барселона” дар сафар дар заминаи бозиҳои даври 20-уми мусобиқоти Ла Лигаи Испания меҳмони тими “Реал Бетис” гардида, барои соҳибони замин ҳатто як сари мӯ дови рақобати баробар надод. Майдондории дастаҳо сахту сангин ҷараён гирифта бошад ҳам, бартарии куллии “нилунориҳо” эҳсос мешуд. Каталониҳо бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯзии соф ба даст оварда, ба хазинаи худ се имтиёзи навбатиро афзуданд ва ҳанӯз ҳам рақибони довталаби дигари унвони қаҳрамонии мавсимро аз худ фарсахҳо дур андохтаанд. Ҳаққи муаллифии голҳоро дар ин дидор Иван Ракитич, Луис Суарес ва Лионел Месси ( ҳарду голи дуболо) марбути номи худ намуданд. Ҳамакнун тафовут миёни садрнишини ҷадвал бошгоҳи “Барселона” ва ҷойгузини мақоми дуюм тими “Атлетико Мадрид” 11 имтиёзро ташкил медиҳад. Агар ба вазъи феълии бошгоҳи “Барселона” ба маҷозу масал баҳогузорӣ кунем, “нилунориҳо” қатораи сареъулсайреро мемонад, ки дар масири фулузини мавсими ҷории Ла Лигаи Испания бо суръати кайҳонӣ ба сӯи кӯи мақсуди қаҳрамонӣ ба кирдори тундбод дар ҳаракат асту дар дили рақибони азалиаш ҳаросу даҳшатро барангехтааст.

Чемпионати Испания. Даври 20-ум

«Бетис» (Севиля) — «Барселона» (Барселона) — 0:5 (0:0)

Голҳо: Ракитич, 59. Месси, 64, 80. Суарес, 69, 90.