Тақдир намехоҳад, ки Нойер ба майдон барояд

Тақдир намехоҳад, ки Нойер ба майдон барояд

 Тибқи маълумоти сомонаи расмии  дастаи “Бавария” – и Мюнхен дарвозабони ин тим Мануэл Нойер боз осеби ҷиддӣ гирифт. Sport Bild бо такя ба сарчашмаҳои хабарии хеш маълумот медиҳад, ки пои чапи Нойер ҷароҳати вазнин гирифтааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои олмонӣ Нойер дар рӯзҳои наздик ҷарроҳӣ карда хоҳад шуд ва чанд моҳ ба дастаи хеш кӯмакрасон буда наметавонад. Пои чапи капитани “Бавария” имсол аллакай як маротиба шикаста буд, ки ин дар бозии ҷавобии даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бар муқобили “Реал” ба вуқӯъ пайваст. Аз ин ҷароҳаташ Нойер танҳо охири тобистон раҳо гардид.