Таҷлили бошукӯҳи иди Парчам дар пойтахт

Таҷлили бошукӯҳи иди Парчам дар пойтахт

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои оммавӣ - варзиширо ба нақша гирифтааст. Чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” санаи 24 ноябр доир мегардад. Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардида, сокинон метавонад дар машқҳои паҳогирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мегардад ширкат намоянд.  Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ бошад, аз гардиши майдони Товус то Наврӯзгоҳ дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 гузаронида мешавад. Ҳамватанони азиз, иштироки фаъолонаи шумо дар чорабиниҳои мазкур, нишона аз арҷгузории шумо ба ин муқаддасоти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.