Таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар донишкадаи ТҶТ

Таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар донишкадаи ТҶТ

Ҳамасола рӯзи 23 июн ба муносибати таъсис ёфтани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар робита ба ин таърих Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои варзиширо роҳандозӣ намуданд. Рӯзи байналмилалии олимпиро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳам бо баргузории мусобиқаҳои варзишӣ таҷлил кард.Дар муассисаи мазкур мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои футболу волейбол, баскетбол, ҷавгонбозӣ ва дигар навъҳои варзиши олимпӣ сурат гирифтанд, ки дар он нафарони зиёд иштирок намуда, барои натиҷаҳои назаррас талош варзиданд. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ягона донишкадаест, ки дар кишвар фаъолияти худро ба тарбия намудани мутахасисисони соҳаи варзиш ва варзишгароне, ки дар дохилу хориҷи кишвар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд, ихтисос додааст. Дар тӯли фаъолияташ ин донишкада чандин қаҳрамонҳои ҷаҳону мутахассисони соҳибноми касбиро оид ба намудаҳои гуногуни варзиш ба камол расонидаст. Баъди ба поён расидани сабқатҳо ба иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот сертификатҳои махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим карда шуд.