Тамдиди қарордоди бузургсолтарин футболбози ҷаҳон

Тамдиди қарордоди бузургсолтарин футболбози ҷаҳон

Ҳамлагар Кадзуёси Миура, ки солхурдатарин футболбози касбии олам шумурда мешавад, қарордоди ҳамкории хешро бо дастаи "Иокогама" тамдид намуд. Ин даста дар дивизиони дуюми кишвари Ҷопон қарор дорад. Барои Миура, ки моҳи феврал ба синни 51 мерасад,  мавсими 2018 дар фаъолияти касбияш 33-юм хоҳад буд. Дар мавсими гузашта ин бозигар дар ҳайати дастаи "Иокогама", ки дар он аз соли 2005 ҳунарнамоӣ мекунад, 12 бозиро баргузор намуда, як голро ба ҳадаф расонд. 6-уми марти соли 2017, ҳангоме ки  Миура 50 солу 7 рӯз дошт, ӯ дар бозӣ бар муқобили дастаи  "В-Варен Нагасаки" ба майдон баромада, рекорди бозигари англис Стэнли Мэтюзро шикаст ва футболози солхурдатарини касбӣ гардид. Баъди шаш рӯз бошад, Маура футболбози касбии солхурдатарине гардид, ки ба задани гол ноил гардидаст. Миура  ба корномаи варзишии хеш соли 1986 дар дастаи бразилии “Сантос” ҳусни оғоз бахшидааст. Дар ҳайати мунтахаби Ҷопон, Миура аз соли 1990 то соли 2000-ум бозӣ намуда, дар 89 бозӣ 55 голро ба самар расондааст.