Ташрифи Хушқадам Хусравов ба ТВ “Варзиш”

Ташрифи Хушқадам Хусравов ба ТВ “Варзиш”

Имрӯз, 15-уми ноябр қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов ба Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш ташриф овард. Хотиррасон мекунем, ки дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести кишвари Руминия баргузор шуд, варзишгари номдору қаввипанҷаи тоҷик Хусравов Хушқадам дар вазни 62 кг ҳамаи рақибони хешро бо усули рустамона як як мағлуб сохта, баъд аз ҷавонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин шуда, нишони тиллои самбои Чемпионати ҷаҳонро ба хазинаи дастмузаҳои кишвар ворид сохт.