Тер Штеген то соли 2022 дар “Барселона” мемонад

Тер Штеген то соли 2022 дар “Барселона” мемонад

Бошгоҳи “Барселона” бо дарвозабон Марк-Андре тер Штеген шартномаашро тамдид намуд, хабар медиҳад сомонаи расмии даста. Қарордоди нав бо дарвозабони 25-солаи олмонӣ то мавсими соли 2022 муқаррар карда шудааст. Шартномаи қаблии дарвозабон то 30-юми июни соли ҷорӣ пешбинӣ шуда буд. Ёдовар мешавем, ки Марк – Андре тер Штеген бо маблағи 12 миллион евро аз дастаи “Боруссия” (Мёнхенгладбах) ба дастаи “Барселона” гузар намуда буд. То ин дам тер Штеген дар 93 бозии расмии “Барселона” ба майдон баромадааст.