Тими футзали Тоҷикистон муборизаро барои ҷои сеюми Ҷоми Осиё идома медиҳад

Тими футзали Тоҷикистон муборизаро барои ҷои сеюми Ҷоми Осиё идома медиҳад

26-уми апрел дар Бангкок бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоӣ бо мизбони ин мусобиқа, тими миллии Тайланд андари майдони рақобат шуд. Вохӯрии дастаҳо дар маҷмааи варзишии болопӯшидаи Ҳуамарки Бангкок баргузор шуда, ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт. Вақти асосии бозӣ мусовӣ 3 бар 3 ба поён расид ва дар зарбаҳои пеналти мо бо ҳисоби 6 бар 5 бозиро бохтем.

Голҳоро аз ҳайати тими мо Дилшод Саломов ва Баҳодур Хоҷаев (дубл) ба самар расониданд. Голҳои тими мизбонро Сриангпирот, Чанфон ва Чараенфонг марбути номи хеш карданд.

Ҳамакнун, дастпарварони Пайрав Воҳидов рӯзи 28-уми апрел муборизаро барои ҷои сеюм идома медиҳанд.

Вохӯрии дигари даври нимниҳоӣ миёни дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон шоми имрӯз баргузор мегардад.