Тони Фергюсон аз чанголи “Уқоб” раҳо шуд

Тони Фергюсон аз чанголи “Уқоб” раҳо шуд

Боз ҳам дастандаркорони маъракаи муҳорибаи деринтизори Ҳабиб Нурмагомедов ва Тони Фергюсон далел ё баҳона ёфтанд, то аз тамошои неруозмоии ду тан таҳамтани ҷаҳоншумул роғибони онҳоро маҳрум созанд. Кулли мухлисони муҳорибаҳои омехта баъди интишор ёфтани як гузориш дар қайди ноумедӣ афтоданд, чаро ки рақобати деринтизори размандагони соҳибноми фароҷаҳонӣ Ҳабиб Нурмагомедов ва Тони Фергюсон, ки ба қасди дарёфти унвони қаҳрамони муваққатӣ дар вазни сабук дар доираи созмони бонуфузи UFC-223 сурат мегирифт, лағв шуд. Тибқи гузориш далели ин тасмимро масъулини маърака ба ҷароҳат гирифтани Тони Фергюсон рабт медиҳанд. Ҳамакнун дар баробари Ҳабиб Нурмагомедов бо лақаби “Уқоб” рақиби дигар размандаи амрикоӣ Макс Холоуэй ба арса мебарояд. Дар ин бора президенти созмони UFC Дана Уайт расман иттилоъ дод. Едовар мешавем, ки набард миени Ҳабиб Нурмагомедов ва Тони Фергюсон барои чорумин бор аст, ки бо сабабу баҳонаҷӯиҳои мухталиф бе эътибор дониста мешавад. Ғолиби ин ҷуфт баҳри дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук бо барандаи феълии унвони мазкур – варзишгари тавонои ирландӣ Конор Макгрегор қувва хоҳад озмуд. Ҳамакнун, баргузории разми Ҳабиб Нурмагомедов ва Макс Холлоуэй дар доираи рақобатҳои созмони UFC 223 оид ба муҳорибаҳои омехта 7 апрели соли равон дар варзишгоҳи “Барклайс-сентр”-и шаҳри Бруклини ИМА дар назар аст.

Таҳияи Меҳровари Кишвар