Валверде расман сармураббии «Барселона» таъйин шуд

Валверде расман сармураббии «Барселона» таъйин шуд

Собиқ сармураббии бошгоҳи “Атлетик Билбао” Эрнесто Валвердо расман сармураббии тими “Барселона” эълон шуд. Дар ин бора хабар медиҳад хадамоти матбуоти бошгоҳ. Коршиноси 53-сола дар вақтҳои футболбозиаш дар мавсимҳои соли 1988-1990 дар дастаи “Барселона” ҳунарнамоӣ кардааст. Ин мутахассис ба ҷои сармураббии қаблии “Барселона” Луис Энрике таъйин шуд. Валверде, қаблан дар дастаҳои «Эспанйол», «Олимпиакос», «Вилярреал» ва «Валенсия», ду солӣ роҳбарӣ намудааст. Муаррифии Валверде ҳамчун сармураббии нави “Барселона” рӯзи 1-уми июн баргузор мешавад.