Ван Дейк: Мессиро боздоштан ғайриимкон аст

Ван Дейк: Мессиро боздоштан ғайриимкон аст

Дифоъгари ҳолландии бошгоҳи “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк фикру андешаи худро перомуни ҳамлавари аргентинии “Барселона” Лео Месси, ки дар даври ½ ниҳоии ЛЧ бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад, чунин баён намуд:

"Чӣ тавр мо Мессиро боз медорем? Ростӣ намедонам чӣ бигуям. Ин як бозии хуб байни ман ва ӯ хоҳад гузашт. Бозии ду даста хеҷгоҳ аз ду футболбоз вобастагӣ надорад. Ҳамин тавр ин бозӣ танҳо байни ман ва Месси нест. Месси беҳтарин футболбоз дар ҷаҳон аст ва бар зидди ӯ бозӣ кардан барои мо хеле мушкил аст”,- иқтибос меорад маҷаллаи Mirror дар якҷоягӣ бо Viasport Fotball аз суханҳои ван Дейка Mirror.

Хотиррасон бояд шуд, ки “Ливерпул” дар даври ½ ниҳоии ЛЧ бо “Барселона” бозӣ мекунад.