ВАО: Роналду “Реал”-ро тарк мегуяд

ВАО: Роналду “Реал”-ро тарк мегуяд

Ҳамлагари “Реал Мадрид” Криштиану Роналду мехоҳад баъд аз хотимаи мавсими ҷорӣ дастаашро тарк намояд. Аммо президенти бошгоҳи шоҳона Флорентино Перес бар зидди чунин қарори баровардаи Роналду аст. Роҳбарияти даста барои Роналду қарордоди нави ҳамкорӣ пешниҳод карда буданд аммо футболбози 32-солаи португалӣ онро рад кардааст. Қарордоди ҳамкории кунунии Криштиану Роналду бо “Реал Мадрид” то ба тобистони соли 2021 амал мекунад.