Варзишгарони тоҷик дар 7 рӯзи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бе медал мебошанд

Варзишгарони тоҷик дар 7 рӯзи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бе медал мебошанд

Дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷараён дорад, пас аз 7 рӯзи мусобиқаҳо дастаи мунтахаби Туркия бо ба даст овардани 155 медал (60 тилло, 52 нуқра, 43 биринҷӣ) дар ҷадвали бозиҳо ҷои аввалро ишғол кардааст. Дар ҷои дуюм тими мизбон – Озарбойҷон бо 116 медал (59 тилло, 33 нуқра, 24 биринҷӣ қарор дорад. Эрон (16, 22, 29) дар мақоми сеюм, Узбекистон (14, 14, 26) дар мақоми чорум, Алҷазоир (7, 12, 16) дар мақоми панҷуми ҷадвал ҷой гирифтаанд. Умуман, варзишгарони 23 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. 34 давлат соҳиби медал шудаанд. Тавре иттилоъ дода будем, дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ наздики 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмуи медалҳо рақобат доранд. Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш ширкат мекунанд. Дар мусобиқот оид ба дзюдо Хоҷазода Беҳрӯз (вазни 73 кило, миёни мардон) ва Шоҳида Қаландарова (57 кило, миёни занон), дар рақобатҳои вазнбардорӣ Илҳомҷон Шукуров (69 кило, миёни мардон), дар намуди тирпаронӣ аз таппонча Малика Лагутенко, Нозанин Лутфуллоева (миёни занон), Бежан Файзуллоев (миёни мардон) дар масофаи 10 метр, дар рақобатҳо аз намуди таеквандо ВТФ Моҳру Ҳалимова (+73 кило, миёни занон), Фарҳод Неъматов (-87 кило миёни мардон) ва тими волейболи занонаи кишвар аз медал маҳрум монданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштини озод ва зӯрхона барои медалҳо рақобатро идома медиҳанд. 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то 22 май идома меёбад.