Оғози нобарор барои “Вилярреал”

Оғози нобарор барои “Вилярреал”

Дастаҳои “Леванте” ва “Вилярреал” дар даври 1-уми Ла Лигаи Испания бо ҳам рақобат намуданд. Ин дидор дар варзшгоҳи “Сюдад де Валенсия” баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 бар суди дастаи “Леванте” хатм шуд. Ягона голро дар дақиқаи 88-уми қисми дуюми бозӣ Хосе Моралес аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид. Ҳамчунин дар ин замина дастаи “Эйбар” дар сафар тими “Малага”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро дар дақиқаи 57-ум ҳамлагар Шарлес ворди даврозаи рақибон гардонд.

Чемпионати Испания. Даври 1-ум

"Леванте" – "Вилярреал" – 1:0 (0:0)

Гол: Моралес, 88 – аз пеналтӣ (1:0).

"Леванте": Раул, Лопес, Тоно, Постиго, Чема, Кампаня (Боатенг, 85), Моралес, Барди (Дукуре, 70), Лерма, Хасон, Алегрия (Иви Лопес, 77).

"Вилярреал": Андрес Фернандес, Рукавина, Хауме, Виктор Руис, Алваро Гонсалес, Тригерос (Поведа, 89), Пабло Форналс, Эрнандес, Бакка (Н`Диай, 80), Сансоне (Суарес, 62), Энес Юнал.

"Малага" - "Эйбар" - 0:1 (0:0)

Гол: Шарлес, 57 (0:1).

"Малага": Роберто, Байс, Росалес, Хуан Карлос, Эрнандес, Диего Гонсалес (Хони, 60), Кузманович, Адриан Гонсалес, Ресио (Эн-Несири, 83), Анор (Онтиверос, 65), Борха Бастон.

"Эйбар": Дмитрович, Рамис, Хосе Анхел, Оливейра, Капа, Инуи, Пеня (Серхио Энрич, 77), Дани Гарсия, Хоан Хордан, Кике (Ривера, 86), Шарлес (Алехо, 66).