Ягона голи Денис Суарес ба Испания пирӯзӣ овард

Ягона голи Денис Суарес ба Испания пирӯзӣ овард

Дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии чемпионати Аврупо миёни ҷавонони то синни 21 сола, ки дар Полша ҷараён дорад, мунтахаби Испания бо ҳисоби 1:0 тими миллии Сербияро шикаст дод. Голи ягонаро дар дақиқаи 38-ум нимҳимоятгари “Барселона” Денис Суарес марбути номи худ сохт. Дар дақиқаи 41-ум ҳамлагари сербиягӣ Урош Ҷурҷевич бо гирифтани 2 корти зард аз майдон хориҷ карда шуд. Новобаста аз ин ҳисоб бетағйир монд.

Чемпионати Аврупо (U-21). Марҳилаи гурӯҳи . Даври 3-юм

Гурӯҳи “В” 

Сербия – Испания – 0:1 (0:1)

Гол: Суарес, 38


Македония – Португалия – 2:4 (1:2)

Голҳо: Бардхи, 40. Маркоски, 80 – Ие, 2. Брума, 22, 90. Поденсе, 57