Ягона голи Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мунтахаби ҷавонониТоҷикистон ғалаба овард

Ягона голи Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мунтахаби ҷавонониТоҷикистон ғалаба овард
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин рӯзи 8 январ дар гурӯҳи «А» дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон дар Санкт-Петербург бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонд. 

Ҷоми Валентин Гранаткин

Гурӯҳи «А». Даври 1

Тоҷикистон – Юнон – 1:0

Гол: Эҳсони Панҷшанбе, 55 – (пеналти)

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ҳувайдо Малиев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 90), Зиёвуддин Фузайлов, Умарҷон Шарипов (Манучеҳр Сафаров, 86), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 78), Нуриддин Ҳамрокулов.

Огоҳӣ: Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов