Замони баргузории бозиҳои плей-оффи ҶҶ-2018 муайян шуд

Замони баргузории бозиҳои плей-оффи ҶҶ-2018 муайян шуд

Таърихи баргузории рақобатҳои плей-оффи Чемпионати ҷаҳон-2018 маълум гардид. Ҳоло мо барои шумо дар бораи вақти баргузории бозиҳои плей-оффи Чемпионати ҷаҳон-2018 маълумот медиҳем. Хотиррасон мекунем, ки ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе оварда шудааст.

Ирландияи Шимолӣ – Швейтсария — бозии аввал 9 ноябр ва соати  00:45 бо вақти Душанбе; бозии ҷавобӣ 12 ноябр, оғоз —22:00.

Хорватия – Юнон — 9 ноябр, 00:45; 12 ноябр, 00:45.

Дания – Ирландия — 11 ноябр, 00:45; 14 ноябр, 00:45.

Шветсия – Италия — 10 ноябр, 00:45; 13 ноябр, 00:45.

Дастаҳои аввал дидори рафту баргаштро дар майдони худ оғоз мекунанд. Чор ғолиби ҷуфти рақобатҳои плей-оффи Ҷоми ҷаҳон-2018 роҳхати Чемпионати ҷаҳонро ба худ ихтисос медиҳанд.